ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш таъкид кард, ки Қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд ва дар масъалаи таъмини аҳли оилаи онҳо мушкилие вуҷуд надорад.
“Қурбонӣ кардан барои ҳамаи муъминон шарт ва ҳатмӣ нест ва анҷом додани ин амал ба қудрату тавоноии ҳар шахс вобаста мебошад”, - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар ояти 286-уми сураи "Бақара"-и Қуръони маҷид зикр шудааст, ки "Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад".
"Онҳое, ки ойини қурбониро анҷом медиҳанд, бояд қурбониро, дар навбати аввал, ба хоҳару бародар ва хешовандони ниёзманди худ, оилаҳои камбизоат, дигар шахсони эҳтиёҷманд ва ҳамсояҳо диҳанд", — зикр кард Президент.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон гуфт ҳоло дар Тоҷикистон беш аз чор ҳазор масҷид дар хизмати намозгузорон қарор дорад, яъне ба 2000 – 2500 нафар як масҷид рост меояд.
“Ҳол он ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар мамолики дигари ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазорро ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.
Раҳмон таъкид кард, ки дар 70 соли замони гузашта дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият дошту халос.
Вай ҳамзамон илова кард, ки то имрӯз беш аз 255 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон маросими ҳаҷҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор нафар сафари умраро ба ҷо овардаанд.
“Имрӯзҳо боз ҳазорон нафари дигар ба зиёрати хонаи Худо раҳсипор шудаанд”, - афзуд кишвардори Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки тайи 70 соли даврони гузашта ҳамагӣ 29 нафар шаҳрвандони мо маросими ҳаҷро ба ҷо оварда буданд.