Русия аз рушди назарраси ММД-и кишварҳои ИИАО хабар дод

Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар дод, ки дар семоҳаи аввали соли равон рушди ММД-и Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 5,3% ташкил додааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 5,3 фоиз афзоиш ёфт, гуфт муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач.
Ба гуфтаи вай дар чанд соли ахир нишондиҳандаҳои иқтисодии ИИАО рӯ ба афзоиш овардааст.
“Ҳамин тариқ, афзоиши ММД дар соли 2023 3,8% -ро ташкил дод, ки аз ММД-и ҷаҳонӣ зиёдтар аст. Мо мебинем, ки ин динамика дар моҳҳои январ-марти соли 2024 боз афзоиш ёфтааст. ММД дар ин муддат 5,3% афзоиш ёфт”, - гуфт оқои Волвач дар конфронси VI байналмилалии “Содирот ба кишварҳои ИИАО-2024” дар Новосибирск.
Муовини вазир тавзеҳ дод, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иқтисоди Арманистон 14%, Беларус беш аз 4%, Қазоқистон қариб 4% ва Қирғизистон қариб 9% рушд кардааст.
Тиҷорати кишварҳои узви ИИАО тавсеа ёфтааст
"Дар Русия низ рушди иқтисод идома дорад - дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ММД кишвар 5,4% рушд кардааст", - қайд кард ӯ.
Волвач гуфт, ки яке аз пояҳои рушди иқтисод - ин рушди саноат ва кооператсияи саноатӣ мебошад.
Муовини вазири рушди иқтисоди Русия қайд кард, ки асоси афзоиш суръати баланд ин зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда мебошад.
"Мо мебинем, ки сифати иқтисоди ҳамаи кишварҳои ИИАО чӣ гуна тағийр, мураккабтар ва афзоиш меёбад", - гуфт ӯ.