Тиҷорати кишварҳои узви ИИАО тавсеа ёфтааст

Вазорати рушди иқтисоди Русия бо сабти афзоиши додугирифт миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъкид кардаст, зарфиятҳо ҳанӯз зиёданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Мубодилоти мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% афзоиш ёфтааст.
Ин нуктаро муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач зимни конфронси VI байналмилалии "Содирот ба кишварҳои ИИАО-2024", ки дар Новосибирск ҷараён дорад тавассути пайванди видеоӣ баён доштаст.
"Дар соли 2023 савдои мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нисбат ба соли 2022 беш аз 5% афзоиш ёфта, ба 7,4 трлн рубл расид, ки ин рақами бесобиқа дар даҳ соли мавҷудияти иттиҳод аст ва ман фикр мекунам, ки ин рақам ниҳоӣ нест", - гуфт ӯ.
Путин созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эронро ба тасвиб расонд
Волвач қайд кард, ки кишварҳои ИИАО ҳам савдои мутақобила ва ҳам савдоро бо кишварҳои сеюм афзоиш медиҳанд.
"Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023, дар моҳҳои январ-марти соли 2024, гардиши мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО 7% афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.
"Ҳамин тавр, суръати афзоиш дар ин моҳҳо аз соли гузашта баландтар аст, аммо тамоюл хеле ва хеле хуб аст, ки мо тамоми чораҳои имконпазир барои нигоҳ доштани ин тамоюлро андешида истодаем”, - гуфт Волвач.
Маврид ба зикр аст, ки ИИАО Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорусро шомил мебошад.