ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тоҷикистон барои беҳбуди манобеи об беш аз 500 млн доллар масраф хоҳад кард.
Дар ин бора сардори раёсати сиёсати обу энергетикаи Вазорати энергетикаи кишвар Рустам Абдуллоев изҳор доштааст.
Гуфта мешавад, ки ҳукумат ният дорад то соли 2030 дар бахши об ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода, шакли муоссири идорашавиро роҳандозӣ намояд.
Ҳамин тариқ, лоиҳаи давлатӣ аз марҳилаҳои зерин иборат аст:
қонунгузорӣ,
муассисаҳои дохилӣ,
барқарорсозии инфрасохторҳои кӯҳнашудаи об.
Аз ҳама гаронбаҳо ин кор бо низоми таъминоти об мебошад. Дар воқеъ, мақомот барои ин ҳадафҳо 537 млн доллар ҷудо кардааст, ки бештари онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳад.
"Дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт 10 лоиҳа ба маблағи умумии 278 млн доллар ва панҷ лоиҳа дар соҳаи обёрӣ ва мелиоратсия ба маблағи 215 млн доллар амалӣ мешаванд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе сеюмин Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ҷараён дорад.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯби барномаи "Раванди оби Душанбе" то 13 июн идома хоҳад кард.