ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Дар Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон рӯзҳои 15, 16 ва 17 уми июн истироҳат хоҳанд кард.
Дар ин бора Мусобек Самеъзода, раиси Иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Бино ба иттилоъи манбаъ ин рӯзҳои истироҳатиро Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон эълон намудааст.
“Бар асоси қонунгузории меҳнат агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад. Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5 рӯзаи ҳафтаи корӣ доранд, 15 июн (шанбе); 16 июн (якшанбе- Рӯзи Иди Қурбон) ва 17 июн (душанбе) рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд”- гуфт, масъули Иттифоқҳои касаба.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Иди Қурбон соли 2024 ба якшанбеи 16 июн рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора ба Кумитаи дин ба хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.
Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.
Дар ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои ин ниҳод ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба сулҳу оромӣ ва дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа суханронӣ намоянд.
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи истироҳат рост омад ва рӯзи баъдӣ, ки душанбе аст, истироҳатӣ эълон мешавад.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.