Эрон: Зарфиятҳои мо дар заминаи нақшабардорӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад

Мақомдори эронӣ гуфт, зарфиятҳо ва тавонмандиҳои Созмони нақшабардории Эрон дар ихтиёри Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Раиси Созмони нақшабардории Эрон Алии Ҷовидона ахиран дар нишасти муштараки Созмони нақшабардории Эрон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки ин зарфиятҳо ва тавонмандиҳо дар ихтиёри кишвари Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт, иттилоъ додааст ИРНА.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Теҳрон нишасти муштараки Созмони нақшабардории Эрон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷовидона дар ин нишаст таъкид кард, ки сомонаҳои таъйини мавқеияти доимӣ ва ҳавзаи зерсохти иттилооти макон барои ҳайати тоҷик ироа хоҳад шуд.
“Ҳамчунин истгоҳи таъйини мавқеияти доим барои таъйини мухтасоти кишвар истифода кардем”, - гуфт ӯ.
Зоҳидӣ: Миёни Тоҷикистону Эрон дар се сол 44 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Қайд карда шудааст, ки ҳайати тоҷик илова бар Созмони нақшабардорӣ аз Созмони фазоии Эрон ва Созмони заминшиносӣ боздид хоҳанд дошт, ки Созмони фазоӣ дар заминаи ирсоли моҳвора ва Созмони заминшиносӣ дар хусуси иҷрои геофизика фаъолият доранд.
“Бо таваҷҷуҳ ба музокироте, ки аз қабл анҷом шуда, пешниҳод шуд то аз зарфиятҳои бахши хусусӣ ва ширкатҳои фаъол дар ҳавзаи нақшабардорӣ ва аксбардории ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва паҳпод низ истифода кунанд”, таъкид кард мақомдори эронӣ.
Ҷовидона бо ишора ба ҳамкориҳо дар ҳавзаи омӯзиш, таъкид кард, ки баргузории давраҳои омӯзиши кӯтоҳмуддат барои коркунони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон баргузор шуд ва барои давраҳои таҳсилоти такмилӣ ва дарозмуддат дар ҳавзаи муҳандисии нақшабардорӣ музокироте дар Вазорати улум барои барқарории бурсияҳо(квотаҳо)и омӯзишӣ анҷом шуда ва Вазорати улум дар ҳоли имзои тафоҳумномае бо Вазорати илми Тоҷикистон аст.
“Дар канори ироаи қобилитҳои бахши хусусии Эрон ва баҳсҳои донишгоҳӣ, аз бахши хусусии фаъол дар ҳавзаи омӯзиш ва муҳандисии нақшабардорӣ даъват кардем, то дар Тоҷикистон давраҳои омӯзиш ва таҳсилоти такмилӣ баргузор кунанд”, - баён дошт мақомдори эронӣ.