Санаи дақиқи Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълон шуд

Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Иди Қурбон соли 2024 ба 16 июн рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора ба Кумитаи дин ба хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.
Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.
Дар ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои ин ниҳод ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба сулҳу оромӣ ва дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа суханронӣ намоянд.
Идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон расман манъ шуд
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи истироҳат рост омад ва рӯзи баъдӣ, ки душанбе аст, истироҳатӣ эълон мешавад. Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.