Фестивали "Об ва пиряхҳо" дар боғи "Ҷавоно" дар шаҳри Душанбе баргузор гарддид.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар доираи Конфронси 3-юми байналмилалӣ оид ба захираҳои об баргузор шуд.
"Меҳмонони ин чорабинӣ на танҳо бо далелҳои ҷолиб дар бораи захираҳои об шинос шуданд, балки аз барномаи рангини эҷодӣ вобаста ба обу пиряхҳо дар ҳайрат монданд", - қайд кард мухбири Sputnik Тоҷикистон.
Илова бар ин, меҳмонон бо фарҳангу таомҳои миллӣ ва суруду рақсу тоҷикӣ шинос шуданд ва ҳамаи инро хуб қабул карданд.
Маълумоти бештар аз ин чорабинеиро дар видеои Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.