Боздошти раиси ҷамоат ва корманди андоз барои порагирӣ дар Тоҷикистон

Корманди Кумитаи андоз, ки шахси мансабдор аст, барои иҷрои коре, ки вазифааш асту бояд анҷом диҳад, аз хешованди худ пора гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон ду корманди давлатиро боздошт кардааст, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршудаҳо Ҳ.З, мутахассиси Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ва раиси Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии Хатлон Н. Ҷ. мебошанд.
Гуфта мешавад, ки корманди андоз барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва мусоидат барои қатъ фаъолияти соҳибкории хешовандаш Ҳ.А., ки ин вазифааш аст, 10 ҳазор сомониро ба сифати пора талаб карда гирифтаст
"Мавсуф ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти гирифтани пора зад", -афзудааст манбаъ.
Ҳамакнун алайҳи ӯ бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
Раиси Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бошад, бо истифода аз ваколати мансабӣ ба талаби 100 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам мешавад.
Таъкид мешавад, ки ӯ ин маблағро барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони сехи истеҳсолӣ ва дузандагӣ дар ҳудуди ҳамин Ҷамоати шаҳрак аз шаҳрванд Я.Х. талаб намудааст.
Талаби пора барои сабти ном ба хизмати пулакӣ
"Дар ин асно, худи ҳамон вақт аз ҳисоби кормандони Агентӣ гурӯҳи оперативӣ – тафтишотӣ таъсис дода шуда, Н Ҷ. баъди ба сифати пора гирифтани маблағи 99500 сомонӣ аз шаҳрванд Я.Х. дар утоқи кории худ дастгир гардида, аз ӯ далели шайъӣ ёфта гирифта шуд",- афзудааст манбаъ.
Алайҳи ин мансабдор низ бо моддаи 319 қисми 4 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он ба додгоҳ ирсол гардидааст.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 5 соли зиндон бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст.