Бортников: муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳамалоти террористиро дар Русия омода мекарданд

Дар давоми ду сол кормандони амният ва ҳифзи ҳуқуқ аз 134 ҳодисаи тахрибкорӣ пешгирӣ кардаанд, мегӯяд, Кумитаи миллии зиддитеррористӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ҳамлаҳои террористӣ омода мекарданд.
Дар ин бора Александр Бортников, раиси ФСБ-и Федератсияи Русия, дар пайи ҷаласаи Кумитаи миллии зиддитеррористӣ изҳор дошт.
Тибқи иттилои расмӣ, маъмурони амниятӣ ва интизомӣ аз соли 2022 то кунун дар ҳавзаи федеролии марказӣ аз 134 амали тахрибкорӣ пешгирӣ кардаанд.
"Фаъолияти 32 ячейкаҳои созмонҳои байналмилалии террористӣ ҷилавгирӣ шуда, аз анҷоми 8 ҳамлаи террористӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъомади мардум, ки омӯзиши онҳоро муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом додаанд, пешгирӣ карда шуд",- гуфт мавсуф.
Бортников тавзеҳ дод, ки чунин ячейкаҳо асосан аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ иборатанд.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус вазифаи мубориза бо терроризмро барои СПАД нав кард
"Иштирокчиён дар ҷойҳои серодам, дар муассисаҳои давлатӣ, инфрасохтори низомӣ ва созмонҳои динӣ ҳамлаҳои террористӣ омода мекарданд", - афзуд вай.
Бортников таъкид кард, ки таҷрибаи вокуниш ба амалҳои мухталифи тахрибкорӣ аз ҷониби хадамоти изтирорӣ аллакай таҳия шудааст, ки бартарафсозии фаврии оқибатҳои онҳо ва барқарорсозии инфрасохторро таъмин мекунад.