Ваколатдори нави Тоҷикистон дар ниҳоди мубориза бо ҷинояткорӣ дар ИДМ кист?

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раисҷумҳури кишвар ваколатдори нави дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткорӣ дар ИДМ-ро таъйин кардаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода ба вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин шудаст.
Вай ба ин мақом аз ҷониби вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода дар мувофиқа бо президенти кишвар таъйин шудааст.
Генерал Шарифзода доктори илми ҳуқуқ, дотсент буда, солҳо роҳбарии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Тағйироти кадрӣ дар ВКД: Аз барканории Шоҳрух Саидзода то вазифаи нав
Вай дар ин мақом генерал-майори милитсия Абдусаттор Фаттоҳзодаро иваз кард, аз моҳи октябри соли 2019 мақоми намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт.
Абдусаттор Фаттоҳзода ҳамакнун ба вазифаи сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт таъйин шуд.
Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ ба ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти корҳои дохилии иттиҳодия дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок машғул аст.
Ин ниҳод аз ҷумла дар гузарондани амалиёти фаврӣ, ҷустуҷӯӣ, табодули иттилоъ, ҷамъоварии маълумот дар бораи саркардаҳои ҷиноӣ, ҳамоҳангӣ, ташкили махзани ягона ва дигар корҳо машғул мебошад.