ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд Русияро дар низоъ дар Украина шикасти низомӣ диҳанд, то ба манобеи табииаш даст биёбанд.
Ин нуктаро сарвазири Маҷористон Виктор Орбан дар мусоҳиба бо телевизиони Hír изҳор дошт.
Ҳамзамон, ӯ ёдовар шуд, ки ин гуна кӯшишҳо аллакай дар солҳои 90-ум сурат гирифта буданд.
"Вазъият воқеан ин аст, ки раҳбарони низомии ғарбӣ мехоҳанд Русияро дар ҷанг мағлуб кунанд. Нақшаи бузург! Ин қадар одӣ! Аммо барои чӣ? Ва барои пул. Барои сармоя, дороиҳо, нуфуз, чун маъмулӣ", - гуфт Орбан.
Ба гуфтаи ӯ, Украина аз манобеъ бой аст, аммо амиқан қарздор аст, шояд ширкатҳои хориҷӣ алакай соҳиби заминҳои ҳосилхез ва дигар дороиҳои иқтисодии он бошанд.
Орбан инчунин таъкид кард, ки ҳоло бисёриҳо дар Ғарб мехоҳанд ба солҳои 1990 баргарданд, "дар бораи бозсозии бузург дар Шарқ орзу мекунанд" ва умедворанд, ки муноқиша дар Украина барои ин имконият фароҳам меорад.
Ба ақидаи ӯ, таъминкунандагони силоҳ, ҳаннотон қарздеҳони аз ин низоъ аллакай ба фоидаи худ кушиш мекунанд, истифода баранд.
Вай афзуд, талош барои шикаст додани Русия дар даргириҳо дар марзаш марҳалаи аввали ин тарҳ аст.
Қаблан Виктор Орбан аз хатари ба ҷанги ҷаҳонӣ табдил ёфтани низоъ дар Украина хабар дода, афзуд ҷаҳон ба ҷое наздик мешавад, ки аз он роҳи бозгашт нест.