Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров: паёми Путинро дар Ғарб шуниданд

Агар шумо душмани моро мусаллаҳ кунед, мо худамон тасмим мегирем, ки ба амалҳои душманонаи шумо чӣ гуна посух медиҳем, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Паёми раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар бораи эҳтимоли интиқоли аслиҳаи русӣ ба кишварҳои алоҳида аз ҷониби Ғарб шунида шуд, муътақид аст вазири корҳои хориҷӣ, Сергей Лавров.
Ишораи Путин дар бораи эҳтимоли интиқоли силоҳи Русия ба кишварҳои дигари Ғарб шунида ва фаҳмида шуд, гуфт Лавров.
"Ман шубҳа надорам, ки онҳо шунидаанд, ман шубҳа надорам, ки онҳо хоҳанд фаҳмид, дар он ҷо ҳоло ҳам одамоне ҳастанд, ки таҳлил карданро медонанд ва на танҳо ба ташдиди вазъ машғуланд, то ҳар рӯз пеш аз маъракаи навбатии интихоботӣ ба интихобкунандагони радикалии худ писанд оянд", - гуфт вазир.
Вай изор дошт, ки дар Ғарб паёмро мефаҳманд ва хулоса мебароранд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарвазири Маҷористон нақшаи Ғарб дар мавриди Русияро эълон кард
"Агар шумо душмани моро мусаллаҳ кунед, мо худамон тасмим мегирем, ки ба амалҳои душманонаи шумо чӣ гуна посух медиҳем", - афзуд Лавров.
Тавре президент Владимир Путин зимни суханронӣ дар АБИП гуфт, интиқоли силоҳ ба Украина маънои ширкати мустақими кишварҳои ғарбӣ дар ҷанги зидди Русияро дорад.
Дар чунин вазъият Маскав ҳақ дорад, ки ба ҳамин тариқ амал кунад, аз ҷумла ба кишварҳои таҳти фишор бо силоҳҳои дурпарвоз таъмин намояд, таъкид кард президент.
Ба гуфтаи ӯ, наметавон гуфт, ки ин кор фардо анҷом мешавад, аммо Русия бояд дар ин бора андеша кунад.