ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Нахустин парвоз дар масири Қошғар-Хуҷанд-Қошғар аз фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд сурат гирифт.
Бино ба тоблуи интернетии фурулгоҳи асосии шимоли Тоҷикистон, ҳавопаймо ҳар ҳафта парвоз мекунад.
Парвоз аз ҷониби Chengdu Airlines анҷом дода мешавад.
Парвоз ба Қошғар соати 16-55 (вақти маҳаллӣ) нишон дода шудааст. Мусофирон дар хатсайр 2 соату 50 дақиқа вақт мегузаронанд.
Хатти бозгашт соати 17-50 сурат гирифта, 2 соату 25 дақиқа давом мекунад.
Қобили зикр аст, ки ҳавопаймои мусофирбарии тавлиди Чин ARJ21 рӯзи 7 июн нахустин масири ҳавоии худро ба Осиёи Марказӣ анҷом дод.
Ҳавопаймо аз ҷониби Chengdu Airlines моҳи июни соли 2016 ба истифода дода шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон ба яке аз самтҳои маъмултарини парвозҳо аз Федератсияи Русия табдил ёфтааст.
Ҷумҳурӣ ба панҷгонаи хатсайри маъмултарини байни русҳо дохил шуд.