Боришоти зиёду ҳосили фаровони алаф дар Суғд. Оё гӯшт арзон мешавад?

Аз ҳисоби фаровонии алаф (хуроки чорво) нархи он дар бозорҳои Суғд коҳиш ёфтааст ва ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки ин ба қимати гӯшт чӣ таъсир мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Кишоварзони Суғд, мегуянд аз таъсири боронҳои пайдарпайи баҳорӣ қимати беда, хуроки чорво дар бозорҳо арзон шудааст.
Бино ба мушоҳидаҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳоло дар бозорҳои хуроки чорво дар шимоли Тоҷикистон нархи як банд ё преси беда (юнучқа) то 20 – 22 сомонӣ поён шудааст.
Соли гузашта дар ҳамин вақт қимати ин навъ хуроки чорво беш аз 28-30 сомонӣ гуфта мешуд.
Неъматулло Абдуллозода, як тан аз кишоварзон дар ноҳияи Спитамен мегӯяд, ба фарқ аз соли гузашта, имсол аз ҳисоби боронҳои баҳорӣ майдонҳои кишт ва чарогоҳҳои зарду ташналаб сералаф шудаанд.
“Фасли сармо қариб хушку бебориш сипарӣ шуд ва бисёриҳо фикр мекарданд, ки баҳорон ҳаво гарм шуда теппаву чарогоҳҳо зуд зарду хушк мешаванд. Вале боронҳои пайдарҳами баҳорӣ саривақт шуд ва ҳосили беда ҳам хуб гардид”,- зикр кард, кишоварз.
Беда ва ё юнучқа яке аз муҳимтарин хуроки чорво дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки парвариши он маъмулан дар заминҳои навоҳӣ ба роҳ монда мешавад.
Адами тағйирёбии иқлим ва мушкилии хушкшавии табиат тайи ду се соли охир нархи он дар бозорҳо ба таври рекордӣ то ба 40 сомонӣ дакка зада ва ба афзоиши нархи чорво низ бетаъсир намонд.
Ҳоло, ки ҳосили чарогоҳҳо фаровон шудааст, ин савол беш аз ҳама матраҳ мегардад, ки оё нархи чорво ва гӯшт дар бозорҳо арзон мешавад?
Шокирҷон Маъруфов, яке аз чорвопарварон дар деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров арзиши чорвои шохдори калон ва майдаро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
Таҳлили нархҳо дар Тоҷикистон: газу шакар беш аз 27% ва мевагӣ 33% гарон шуд
Бино ба гуфти ӯ, зимнан дар молбозорҳои Суғд, як гусолаи як сола ва ё барра бо нархҳои 5 – 6 ҳазор сомонӣ ва 1 – 1, 5 ҳазор сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
“Ман, қариб ҳар моҳ ба молбозори Хуҷанд рафта ва мол харидуфурӯш мекунам. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман тайи ду се соли охир, нархи чорвои калон ва ҳам майда то 10 -12 % фоиз баланд шудааст”, – гуфт, Маъруфов.
Ҳоло дар бозорҳои Суғд фурӯши як кило гӯшти устухондор 65 – 75 сомонӣ ва гӯшти лаҳм ба 75 – 85 сомонӣ боло шуд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 10 – 12 сомонӣ баланд гуфта мешавад.
Қассобону гӯштфурӯшон сабаби болоравии нархро ба арзиши кунҷора рабт медиҳанд.