ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия пешравиро дар Часов Яр идома дода, ин маҳали истиқоматиро озод мекунанд.
Дар ин бора раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск Денис Пушилин дар мусоҳиба бо РИА "Новости" дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург гуфт.
"Дар Часов Яр мо мебинем, ки нерӯҳои мо озодкунии ин шаҳракро давом медиҳанд. Мо мефаҳмем ва мебинем, ки ин дар шароити хеле душвор руй медиҳад, вале вазифа гузошта шудааст ва сарбозон онро амалӣ месозанд. Баъзе муваффакиятхо дида мешаванд. ”- гуфт ӯ.
Ӯ қайд кард, ки Вазорати мудофиа аз воқеахои ҷабҳа ба таври доимӣ ва муфассал "бе воҳимаи пешакӣ " хабар медиҳад.
"Ин барои он аст, ки ба бачаҳо зарар расонда нашавад ва маълумотеро, ки душман аз он истифода бурда метавонад, ошкор нагардад,"- гуфт Пушилин.
Часов Яр аҳамияти калони оперативӣ ва стратегӣ дорад. Он дар баландӣ ҷойгир буда, ба бузургтарин минтақаҳои Ҷумҳурии Донетск Славянско-Краматорская ва инчунин ба Константиновка, ки таҳти назорати нерӯҳои Украина қарор доранд, роҳ мекушояд.
Пушилин қаблан дар мусоҳиба бо РИА "Новости" гуфта буд, ки ӯ ба пешравии нерӯҳои Русия дар самти Часов Яр хушбин аст, ки аскарон аллакай дар дохили шаҳр амал мекунанд.