ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқиро ба таври мунтазам инкишоф медиҳанд.
Дар ин бора дар нишасти кории котибони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон Сергей Шойгу ва Насрулло Маҳмудзода сухан рафт.
Дар Алмаато гуфтушуниди намояндагони ду кишвар барпо гардид.
"Маҷмӯи васеи ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи амният баррасӣ шуд. Таъкид шуд, ки Русия ва Тоҷикистон равобити шарикии стратегӣ ва иттифоқиро ба таври афзоянда густариш медиҳанд", - гуфт дафтари матбуоти Шӯрои амнияти Русия.
Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро муҳокима карданд.
Қаблан дар Алмаато мулоқоти ғайринавбатии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд.
Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Маскав ва Душанбе, инчунин самтҳои афзалиятноки муносибатҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД, арзёбӣ шуданд.
Рустами Эмомалӣ ҳифзи манфиатҳои давлату шаҳрвандонро аз ҳамлаҳои тахрибкорона ва ҷиноӣ низ як вазифаи муҳим хонд.