ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Роҳбарони бахши нақлиёти кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё лоиҳаи харитаи роҳи ҳамкорӣ дар ин соҳа барои солҳои 2024-2026 таҳия намуданд.
Вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев дар ҳамоиш аз зарурати чунин мулоқотҳои рӯбарӯ гуфт.
"Ман боварӣ дорам, ки мо метавонем дар бораи нуктаҳои мувофиқанашудаи ҳуҷҷат ба тавофуқ бирасем. Тасдиқи он дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё бениҳоят муҳим аст”, - таъкид кард Кожошев.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба харитаи роҳ тадбирҳо оид ба таҳияи лоиҳаи консепсияи рушди ҳамлу нақли контейнерӣ дар кишварҳои узви Иттиҳод то соли 2035 ворид карда шаванд.
Ҳамчунин барои рафъи ихтилофоти боқимонда оид ба таъсис ва фаъолияти бозори умумии хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ дар доираи иттиҳодия, дар нимаи дуюми моҳи июни соли 2024 баргузории нишасти сатҳи баланд дар назар гирифта шуд, иттилоъ дод Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Шӯрои раҳбарон ҳамчунин дар бораи механизм ва модели идоракунии долонҳои нақлиётии Авруосиё қарорҳои муҳим қабул карданд.
Дар робита ба татбиқи созишнома дар бораи истифодаи пломбаҳои навигатсионӣ дар ИИАО, таҷрибаи Беларус ва Россия дар мавриди истифодаи пломбаҳои навигатсионӣ нисбат ба баъзе категорияҳои молҳо ба назар гирифта шуд.
Кожошев бо истиқбол аз самаранокии раванди гуфтушуниди роҳбарони бахши нақлиёт, илова намуд, ки чунин мулоқотҳои рӯбарӯ ҳалли масоилро метезонанд.