Даромади "Талко Голд" ба таври бесобиқа афзоиш ёфт

Ширкати "Талко Голд" дар минтақаи Кончочи ноҳияи Айнӣ фаъолият дошта, 50%-и саҳмияҳояш ба Чин ва 50%-и ба худи Тоҷикистон тааллуқ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. "Талко Голд" даромадашро аз ҳисоби тавлидоти сурмаву тило ҳудуди 2,7 баробар афзойиш додааст. Ин зерширкати “Талко” аввалин ширкатест, ки нисфи саҳмашро худи Тоҷикистон дорад.
Муҳаммадвалишоҳ Махшулов, масъули матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, афзойиши даромад қабл аз ҳама ба афзойиши тавлидот бастагӣ дорад.
"Ҳамзамон тавлидоти, бахусус, тило афзойиш ёфт ва ба ин далел, ки тибқи қонунгузорӣ ҳаҷми тавлидоти тило иттилоъи хос аст, онро ироа карда наметавонем. Омили дигар афзойиши нархи тило дар бозори ҷаҳонӣ аст", - гуфт Махшулов.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ширкати "Талко Голд" дар чаҳор моҳи соли равон ба маблаги 298,7 млн сомонӣ тилову сурма тавлид кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 188,8 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 272%-ро ташкил медиҳад ва ҳиссаи ширкат дар соҳаи маъданҳои куҳӣ ба ҳисоби пулӣ 7%-ро ташкил намудааст.
"Хазинаҳои куҳҳои баланд": афзоиши тавлидоти маодин дар арқом
“Талко Голд” ё “Тиллои Талко”, яке аз ширкатҳои гурӯҳи "Талко", корхонаи давлатии Тоҷикистон аст, ки моҳи апрели соли 2021 дар минтақаи Кончочи ноҳияи Айнӣ ба кор шурӯъ карда, 50%-и саҳмияҳояш ба Чин ва 50%-и ба худи Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Бақия ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба тавлиди тиллову дигар металҳои қиматӣ машғуланд, бештарин саҳм то 80% - ро доранд ва саҳми Тоҷикистон миёни 20 то 30% аст.
Шумораи коргарон дар соли равон наздики 1,1 ҳазор нафар аст, ки аз ин теъдод коргарони хориҷӣ 147 шаҳрванди Чин, як шаҳрванди Қазоқистон ва бақия ⁠908 нафари дигар шаҳрвадони Тоҷикистонанд.