Шаҳрвандигирии осон дар Русия барои мутахассисон ва донандаҳои забони русӣ лағв шуд

Тартиби эътирофи шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун баранда ё худ донандаи забони русӣ соли гузашта бекор шуда, аммо як қатор қонунҳо имтиёзҳоеро ҳанӯз пешбинӣ мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ дигар наметавонанд мақоми донандаи забони русӣ ва афзалиятҳои ба он алоқамандро ба даст оранд.
Лоиҳаи қонуни дахлдор барои баррасӣ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, ки мӯҳлатҳои дарёфти иҷозаи иқомат аз ҷониби мутахассисони варзида низ таҳрир шуда, шаҳрвандигирии осон барои ин гуруҳ дар таҳрири нав умуман пешбинӣ нашудааст.
Муаллифони ҳуҷҷат чунин тағйирот дар қонунгузориро бо он шарҳ медиҳанд, ки мутахассисони хориҷӣ ба категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, шомил нестанд.
Ипотека барои муҳоҷиру лағви лимити барқ: KazanForum ба Тоҷикистон чӣ дод?
"Консепсия, пешниҳоди шаҳрвандии Русияро дар асоси меъёрҳои расмӣ дар назар надорад, ки мавҷудияти робитаи воқеии байни шахс ва ФР-ро ба назар намегирад", - қайд карданд созандагони лоиҳа.
Қаблан, пас аз тасдиқи мақоми барандаи забони русӣ, хориҷӣ метавонист барои гирифтани иҷозатномаи иқомат ва шаҳрвандии Русия муроҷиат кунад. Тартиби эътирофи шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун барандаи забони русӣ соли гузашта лағв шуд, аммо як қатор қонунҳо имтиёзҳоеро дар бар мегирифтанд, ки дорандаи ин мақом метавонистанд онро гиранд.
Тағйироти тадриҷии қонунгузорӣ ба шахсоне, ки то ворид шудани навгониҳо мақоми барандаи забони русиро гирифтаанд, имкон дод, ки аз имкониятҳои пешбининамудаи қонун барои гирифтани иҷозатномаи истиқомат ва шаҳрвандии Русия истифода баранд.