Газ дар Тоҷикистон каме арзон шуд

Бо оғози тобистон, дар тоблӯи ширкатҳои фурӯши маводи сухт дар Тоҷикистон тағйирёбии нархҳо дида мешавад, аммо дар муқоиса ба соли гузашта ҳанӯз баландтаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Арзиши гази моеъ яке аз серистифодатарин навъи маводи сӯхт дар навоҳии Тоҷикистон ду-се рӯз ба ин тараф раванди рӯ ба поёнравӣ дорад.
Бино ба нархномае, ки ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт - ТСН (АЗС) дар навоҳии Суғд насб кардаанд, қимати гази моеъ 6, 2 – 6 сомонӣ муқаррар шудааст.
Чунин нархгузорӣ дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл аз 20 то 40 дирам поён гуфта мешавад. Дилшод Салимов, роҳбари яке аз ширкатҳои фурӯши маводи сухт дар Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби поёнравии нархро шарҳ дод.

“Арзиши фурӯши ҳар кило нархи яклухти гази моеъ аз 10,4 сомонӣ ба 10 сомонӣ поён шуд, аз ҳамин лиҳоз нархи чаканаи мол ҳам каме арзон шуд” – гуфт роҳбари ТСН.

Масъулони ширкатҳои чаканафурӯшии сӯзишворӣ дар ҳоле аз поёнравии нархи гази моеъ таъкид меварзанд, ки арзиши феълӣ дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ беш аз 2 - 2,2 сомонӣ гаронтар аст.
Бино ба мушоҳида ва таҳлили Sputnik Тоҷикистон дар тобистони соли 2023 қимати гази моеъ дар навоҳии Тоҷикистон ҳамагӣ 4 – 4, 2 сомонӣ буд.
Нархи рублу доллар дар Тоҷикистон боло рафт
Алҳол дар навоҳии Тоҷикистон, фурӯши бензини навъи АИ 92- 10, 2 сомонӣ, АИ 95 – 10, 6 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 10, 6 сомонӣ аст.
Тоҷикистон талабот бо маводи сӯхтро асосан аз ҳисоби воридот таъмин мекунад. Ҳамасола дар кишвар наздик ба як миллион тон сӯзишворӣ, аз ҷумла газу бензин ва солярка ворид карда мешавад. Воридоти маводи сӯхт ба Тоҷикисон асосан аз Русия ва Қазоқистон сурат мегирад.