Бори аввал дар таърихи Эрон зан метавонад раисҷумҳур шавад

Қаблан се зан, ки қасди пешниҳод кардани номзадии худ ба мақоми раёсатҷумҳури Эронро доштанд, ба далели"ба шартҳо ҷавобгӯ набудан" ҷавоби рад гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Зӯҳре Алоҳиён нахустин зане шуд, ки дар интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурии Эрон пас аз марги Иброҳим Раисӣ дар суқути ҳавопаймо сабти ном шудааст. Дар ин бора хабаргузории Mehr иттилоъ дод.
Сиёсатмадори муҳофизакори эронӣ Зӯҳре Алоҳиён қаблан ду маротиба - аз соли 2008 то 2012 ва аз соли 2020 то 2024 узви парлумон буд.
"Зӯҳро Алоҳиён пас аз сабти номи номзадии худ дар интихоботи президентӣ гуфт: "Шиори ҳукумати ман "ҳукумати солим, иқтисоди солим ва ҷомеаи солим" аст", - омадааст дар изҳороти оҷонсӣ.
Дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, Зӯҳро Алоҳиён метавонад нахустин зани раисиҷумҳури Эрон дар таърих шавад.
Қаблан Мӯҳсин Исломӣ, намояндаи Ситоди интихоботии Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, ки се зан аз сабти номи номзад ба мақоми президентӣ маҳрум карда шуданд, зеро онҳо "ба шартҳо ҷавобгӯ набуданд".
Интихоботи нави раёсатҷумҳурӣ, бар асоси Қонуни асосии Эрон, бояд дар давоми 50 рӯз пас аз эълони марг ё ғайри қобили амал будани раисиҷумҳур ва интиқоли салоҳияти ӯ ба муовини аввали раисиҷумҳур баргузор шавад.
Дуои Раҳмон дар ҳаққи шаҳид Раисӣ ва ҳамроҳонаш: паёми таслият ба Хоманаӣ ва мардуми Эрон
Айни замон ин вазифаро Муҳаммад Моҳбер бар ӯҳда дорад. Тибқи тақвими тасдиқшудаи интихобот, бақайдгирии номзадҳо аз 30 май то 3 июн ва санҷиши номзадҳо аз ҷониби Шӯрои посдорони Конститутсия барои мутобиқати номзадҳо ба талабот аз 4 то 10 июн сурат мегирад.
Рӯйхати ниҳоии довталабон рӯзи 11 июн эълон мешавад.
Таблиғоти интихоботӣ мумкин аст ду ҳафта - аз 12 то 26 июн гузаронида шавад. Рӯзи интихоботи президентӣ бошад 28 июн эълон шуда буд.
Барои ба даст овардани курсии президентӣ дар Эрон сиёсатмадорони маъруфи эронӣ, аз ҷумла раиси собиқи парлумони Эрон Алии Лориҷонӣ, раиси собиқи Бонки марказии ин кишвар Абдулносир Ҳимматӣ, намояндаи раҳбари олии Эрон дар Шӯрои олии амнияти миллӣ Саид Ҷалилӣ, сабти ном кардаанд.