Махачев ҳарифашро бо усули буғӣ кардан шикаст дод

Ислом Махачев дар даври чорум ҳарифи амрикоии худро буғӣ кард. Яке аз пуштибону таҳрикдиҳандаи ӯ Хабиб Нурмуҳаммадов буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Размикори шинохта Ислом Махачев дар UFC UFC 302 дар шаҳри Нюарк бар Дастин Пореи амрикоӣ пеш аз муҳлат пирӯз шуд.
Ӯ дар даври чорум ҳарифашро бо роҳи буғӣ кардан шикаст дод. Дар ин набард, Дастин низ муқобилияти сахт нишон дод ва дар чанд давр ҳатто нисбат ба Махачев бартарии бештар дошт.
Вале бо вуҷуди ин, Махачев ӯро дар даври чорум бо усули буғӣ кардан шикаст дод ва бори сеюм унвони қаҳрамони UFC дар вазни сабукро ҳифз кард.
Бо размикори тоҷик менеҷери Ҳабиб ва Махачев кор мекунад
Ин навбат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов Махачевро ҳамроҳӣ дошт ва дар тӯли мубориза ӯро дастгирӣ ва маслиҳат медод.
Махачев 32 сол дорад ва ҳоло дар рейтинги UFC дар ҷои аввал аст. Ӯ 26 ғалаба дорад ва танҳо як маротиба аз ҳарифаш шикаст хӯрд.
Рекорди Пореи 35-сола 30 пирӯзӣ бо нӯҳ мағлубиятро ташкил медиҳад.