ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Моҳи июн ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон аз1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ пасттар пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносӣ хабар дода, афзуд, ки ҳамчунин миқдори моҳонаи боришот низ аз меъёр зиёд хоҳад буд.
Ба таъкиди манбаъ, моҳи равон ҳаво Душанбе ва водиҳои еоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 17 то 32 дараҷа гарм мешавад.
Аз 15 то 32 дараҷа дар даҳаи аввали моҳ дар Хатлон низ пешгӯӣ мешавад. Дар даҳаи дуюм ва саввум бошад гармии ҳаво то 39 ва дар баъзе ноҳияҳо то 42 дараҷа хоҳад расид.
Боришот ва боди сахту тӯфони чангу ғубор низ аз эҳтимол дур нест.
Дар Суғд низ меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби ВМКБ дар даҳрӯзаи аввал ҳаво то 23 дараҷа ва дар даҳрӯзаҳои дуюму сеюм то 29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шарқи ин вилоят бошад то 20 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.