Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон шодбош гуфт

Мақомоти Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароит барои рушду бехатарии кӯдакон, таъмини зиндагии хушбахтона ҳама корҳоро анҷом медиҳанд, таъкид кард Рустами Эмомалӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон Рӯзи ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад. Шаҳрвандони хурдсолро раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ табрик гуфт.
"Мисли кишварҳои ҷаҳон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад", - хабар медиҳад дафтари матбуоти ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароит барои рушду бехатарии кӯдакон, таъмини зиндагии хушбахтона, имкони таҳсилоти мукаммал ҳама корҳоро анҷом медиҳанд,
Ҳукумат рӯзҳои корию истироҳати тоҷикистониён дар июнро тағйир дод - тақвим
Рустами Эмомалӣ ба ҳар нафаре, ки фаъолияташон ба тарбия, таълим, ҳифзи иҷтимоӣ, рушди маънавӣ ва камолоти фарзандон иртибот дорад, изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аст. Ин яке аз қадимтарин ҷашнҳои байналмилалӣ мебошад. Карор дар бораи гузарондани он соли 1925 кабул шуда буд.
Рӯзи ҳифзи кӯдакон на танҳо ҷашни фароғатӣ барои худи кӯдакон аст, балки барои ҷомеа ёдрас кардани зарурати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аст, то ҳамаи кӯдакон хушбахт ба воя расанд, таҳсил кунанд, ба кори дӯстдоштаашон машғул шаванд ва дар оянда волидону шаҳрвандони хуби кишварашон шаванд.