ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мегуяд, мавридҳои ихроҷ (депортасия) и муҳоҷирони тоҷик аз қаламрави Русия кам шудааст
Дар чор моҳи соли ҷорӣ 446 муҳоҷирон, сокинони вилояти Суғд, аз қаламрави кишварҳои муҳоҷирпазир, аз ҷумла Русия хориҷ карда шудаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли қаблӣ камтар аст.
Дар ин бора, муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, Абдуҷамил Халилзода, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, шумори ихроҷшудагон 12 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар чор моҳи соли 2023 шумори муҳоҷирони ихроҷшуда 503 нафар буд, соли ҷорӣ ин рақам ба 446 нафар кам шудааст” – шарҳ дод, Халилзода.
Бино ба иттилоъи манбаъ, давоми чор моҳи соли 2024, 87,2 ҳазор сокинони навоҳии Суғд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Нишондоди мазкур нисбат ба соли гузашта 8 ҳазор коҳиш ёфтааст.
Бар пояи иттилоъи Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд дар чор моҳи соли ҷорӣ беш аз 64, 7 ҳазор муҳоҷирон ба кишвар баргаштаанд.
Тибқи иттилои расмӣ алҳол 250 ҳазор сокинони шаҳру навоҳии ҷилояти Суғд дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷӣ кишвар қарор доранд. Аз ин шумор 190 ҳазор мардон ва 60 ҳазор занҳо гуфта мешавад.
Бар асоси пажӯҳише, ки ахиран Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд доир кардааст, маълум гардидааст, ки 98%-и шумори муҳоҷирати сокинон ба хориҷи кишвар ба Федератсияи Русия рос меояд.