Ҳукумати Тоҷикистон вуруд ба қаламрави ҷумҳуриро осон мекунад

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон дар бораи сарҳади давлатии ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳукумат тасдиқ карда шуда, барои баррасӣ ба парлумон ирсол гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирот ба қонун дар бораи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуда, ба Маҷлиси намояндагони кишвар фиристодаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, мутобиқи тағйиру илова ба қонуни ҷумҳурӣ дар бораи Сарҳади давлатӣ убури мусофирон аз хатти сарҳад дар фурудгоҳҳо аз тариқи дарвозаҳои электронӣ сурат мегирад.
Ин иқдом боиси сода гардидани низоми гузашт ва сарфаи вақт барои мусофирон ва ҳам сарҳадбонон мешавад, афзуд манбаъ.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарҳадбонон гуфт, ҳар рӯз тавассути роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба Тоҷикистон меҳмонону сайёҳони зиёд ворид мешаванд ва шумораи онҳо сол ба сол афзуда истодааст.
Соҳибкорони тоҷик ба ҳимояи марз иқдом кардаанд: Чӣ гуна?
"Баробари дохил шудан ба қаламрави мамлакат аввалин касе, ки онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, маҳз сарҳадбон мебошад ва ин ҳолат дар ташаккули тасаввуроти аввалини онҳо дар бораи кишвар ва миллати мо хеле муҳим аст", - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар қаламрави кишвар 35 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ, 5 гузаргоҳи ҳавоӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан, 25 гузаргоҳи автомобилӣ ва 1 гузаргоҳи дарёӣ фаъолият дорад.
Аз ин шумора 25 гузаргоҳи сарҳадӣ дорои мақоми байналмилалӣ ва 10 гузаргоҳ дуҷониба мебошад.