ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазорати кишоварзӣ аз афзойиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия ва ҳамзамон коҳиши он аз Русия ба Тоҷикистон хабар дод.
Дар гузашта вазнинии паллаи тарозу ба ҷониби Русия буд. Дар чаҳор моҳи аввали соли равон содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия 4,5 ҳазор тон ба маблағи 8,1 млн долларро ташкил дод, гуфт Лоиқ Тӯйчиев, сардори Маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Ин дар дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2023 аз руи ҳачм 79 тон ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 2,4 млнн доллар зиёд аст.
“Умтадан дар ин давра меваҳои баҳорӣ, меваи хушк ва нахи пахта содир шуд”, - гуфт Лоиқ Тӯйчиев.
Вай афзуд, дар ин давра воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Русия 1,8 ҳазор тон ба маблағи 1 млн долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давари соли гузашта аз руи ҳаҷм як ҳазор тон ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 358 ҳазор доллар кам аст.
“Қисмати асосии воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Русияро навъҳои мухталифи тухмии рустаниву сабзавот ташкил мекунад”, - гуфт ӯ.
Қаблан вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистону Русия як санад барои солҳои 2024 – 2026 ба имзо расонда буданд, ки бино ба он, қарор аст дар соли 2024 ҳудуди 50 ҳазор тон тухмии рустаниву сабзавот аз Русия ба Тоҷикистон ворид шавад.
Бино ба ин санад, тарафайн бар содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва аз Русия ба Тоҷикистон ворид намудани мошинолоти кишоварзӣ, нуриҳои минераливу тухмӣ ва 300 ҳазор тон маҳсулоти равғанӣ ба тавофуқ расида буданд.