Ширкати русиягӣ кори яке аз калонтарин корхонаҳои Суғд - "Адрасмон"-ро барқарор карданист

Раиси ширкати русиягӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар, шарики боэътимод ва майдони бузурги имкониятҳо медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Ширкати "Формулаи нур"-и Русия нияти барқарор кардани фаъолияти "Адрасмон" дар Суғдро дорад, ки замоне аз бузургтарин корхонаҳои маъдантозакунии ҷумҳурӣ буд.
Ин масъала дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ширкати "Формулаи нур", Сергей Исоков, роҳбари шӯрои директорони Фонди байналмиллаии сармоягузории Orient Investment JSC Ли Куанг Дао баррасӣ шуд.
Аҳмадзода ба соҳибкорон гуфт, вилояти Суғд ҳамчун "Водии имкониятҳо" шинохта шуда, дар минтақа асосан саноати кӯҳӣ-металургӣ, нассоҷӣ, сохтмон ва ғайра рушд карда, воридсозии технологияи нав имкон медиҳад, ки ин бахшҳои соҳа боз ҳам ривоҷу равнақ ёбад.​
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Исаков таъкид дошт, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар, шарики боэътимод ва майдони бузурги имкониятҳо медонад.
Камтар аз даҳяки қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон барои саноат равона мешаванд
"Ширкат азм дорад ҳамкории мутақобиларо ба роҳ монда барои ба кор андохтани ​ корхонаи ​ "Адрасмон"-и шаҳри Гулистон лоиҳаи ҷиддиро амалӣ созад", - гуфтаст ӯ.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд афзуд, ки бо ин мақсад воридсозии дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба нақша гирифта шудааст. Барои ин аз тарафи мутахассисони ширкат ​ корҳои иктишофӣ анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии корхона пурра барқарор карда мешавад, афзуд манбаъ. ​
Корхонаи маъдантозакунии "Адрасмон" ҳанӯз солҳои 40-уми асли гузашта фаъол шуда, он замонҳо Адрасмонро чун шаҳраки кӯҳканҳо ва ё "маркази урали тоҷикон" машҳур шуд.
То соли 2012 чархаҳои ин корхонаи саноатии Тоҷикистонро ширкатҳои қазоқистонӣ мегардониданд. Соли 2013 дар пайи буҳрони фарогири иқтисодӣ, ки сабаби якбора коҳишёбии нархи метал дар биржаҳои ҷаҳонӣ гардид, ин корхона аз кор бозистод. Соли 2016 ин корхона пурра моликияти давлат шуд.
Дар гузашта ин корхона садҳо сокини шаҳри Гулистонро бо кор таъмин намуда, манбаи миллиионҳо сомонӣ дар буҷаи шаҳр ба шумор мерафт.