Шаҳбози Аброр ба ҳайси раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон сабт шуд

Вазорати адлияи Тоҷикистон қарор баровардааст, ки Ҳизби демократи кишвар минбаъд фаъолияти худро таҳти раёсати ҷадид тибқи оиннома идома диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Қарорҳои дахлдори Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди интихоби раиси нав, аз сӯи Вазорати адлияи кишвар тасдиқ шудаст.
Вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз 20 рӯзи омӯзиш нусхаи санади расмии бақайдгирии ҳизби сиёсиро ба номи раиси тозаинтихоби ҳизб Шаҳбози Аброр сабт кардаст, иттилоъ доданд аз ҳизби мазкур.
Ҳизби демократи кишвар минбаъд фаъолияти худро таҳти раёсати ҷадид тибқи оиннома идома диҳад, омадааст дар қарори Вазорат.
Вакили парлумони Тоҷикистон интихоботи президентии Русияро шарҳ дод
Қаблан Шаҳбози Аброр, раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуда буд. Саидҷаъфар Усмонзода роҳбари қаблии ҳизби мазкур ин қарорро номақбул хонда, изҳор дошта буд, ки қарори мақомоти марбутаро мунтазир мешавад.
Шаҳбози Аброр гуфт, вай дар Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсати ҷавоникунониро пеш хоҳад гирифт ва бештар ба ҷавонон такя хоҳем кард.
Шаҳбози Аброр 13 июни соли 1990 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар хонаводаи нависандаи маъруф Аброри Зоҳир ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №60-и шаҳри Душанбе гирифтааст ва факултаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.