ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Дар тӯли 10 соли мавҷудияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё содирот аз Русия ба кишварҳои ин созмон ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора нахуствазири Русия Михаил Мишустин зимни суҳбат дар телевизиони "Россия-24" хабар дод.
"Имрӯз содироти Русия ба кишварҳои иттиҳод аз замони таъсисаш ду баробар афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.
Мишустин тавзеҳ дод, ки дар соли 2023 ҳиссаи мошинҳо, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт дар муомилоти мол бо кишварҳои узви ИИАО қариб 25% буд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои русиягӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои энержӣ, саноат ва нақлиёт тарҳҳои бузурги сармоягузориро таҳия мекунанд.
Илова бар ин, дар охири соли гузашта афзоиши ММД дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз суръати ҷаҳонӣ боло рафт, гуфт Мишустин. Аз замони таъсиси созмон афзоиши воқеии ММД дар иттиҳодия 12%-ро ташкил дод, илова намуд ӯ.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомили панҷ кишвари узв - Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон мебошад. Ҳадафи созмон таҳкими ҳамгироӣ ва ҳаракати озоди нерӯи корӣ, коло, сармоя ва хадамот дар қаламрави кишварҳои узв арзёбӣ мегардад.