ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти бахши илмии кишвар ва олимонро сахт нигаронкунанда хонд.
Ӯ зимни мулоқот бо фаъолони ин бахш гуфт, ки дар кишвар ҳоло қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.
Ба гуфтаи вай ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд ва омодасозии олимони ҷавон дар чанд бахшҳои муҳим ҷавобгӯи талабот нест.
Раҳмон ҳамчунин аз баъзе олимони калонсол изҳори нигаронӣ кард, ки бо кадом сабабе шогирдонӣ ҳирфаӣ омода намекунанд ва ё онҳоро бо чашми кам мебинанд ва таъкид кард, ки мактаби устоду шогирд бояд идома ёбад.
Вай чанд пажуҳишгоҳи Академияи миллии илмҳоро мисол овард, ки корҳои илмӣ ва ҳимои онҳо дар ҳадди паст аст.
Масалан ба гуфтаи ӯ, дар Пажӯҳишгоҳи математикаи АМИ санҷиш муайян намуд, ки аз соли 2018 то соли 2023 дар ин муассиса 18 нафар ба докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет ва 1 нафар ба таври шартномавӣ қабул шуда, вале танҳо 2 нафар рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст.
Сабаб ба гуфтаи президент, агар аз як тараф, ба таври самаранок фаъолият накардани худи докторантҳо бошад, аз ҷониби дигар, бемасъулиятии роҳбарони илмии онҳо мебошад.
Дар ин самт ба таъкиди раҳбари давлат ҳолатҳои суиистифода аз вазифа низ ҷой доранд.
Вай барои милос собиқ директори Пажӯҳишгоҳи математикаро овард, ки 19 нафар докторанти қабулгардида роҳбарии 8 нафари онҳоро ба зимма гирифтааст, вале ягон нафари онҳо рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст.
Чунин муносибат нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар дигар пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ низ дида мешавад, гуфт президент ва чанд пажуҳишгоҳҳоро мисол овард.
Президент аз оқибати хатари чунин хунукназараӣ ба давлату миллат гуфта, таъкид кард, ки маблағҳои буҷет беҳисобу беохир ва беназорат нестанд.
Ӯ дар хотима аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб намуд, ки ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳарчи зудтар хотима бахшанд.