Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров шартеро гуфт, ки бояд асоси музокирот оид ба Украина бошад

Вазири умури хориҷии Русия бар ин назар аст, ки ҳама гуфтушуниду созишномаҳо дар бораи Украина бояд "воқеиятҳои заминӣ"-ро ба инобат гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Созишномаҳои ояндаи ҳалли низоъ дар Украина бояд ба принсипи амнияти баробар ва тақсимнашаванда бо назардошти “воқеиятҳои заминӣ” асос ёбанд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт
"Музокирот бояд ба принсипи тақсимнашавандаи амният ва воқеият дар замин асос ёбад",- гуфт вазир, дар посух ба ин суол, ки оё имкони суръат бахшидан ба раванди ҳалли сиёсии вазъ дар атрофи Украина вуҷуд дорад.
Лавров дар бораи даъвати эҳтимолии конфронси сулҳ барои ҳалли муноқишаи Украина бо ширкати ҳам Маскав ва ҳам Киев гуфт, ки он метавонад идомаи талошҳои Чин барои фароҳам овардани шароит барои рафъи бӯҳрон бошад.
Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Маскав бо мавқеи Пекин дар бораи зарурати бартараф намудани сабабҳои асосии низоъ бо назардошти манфиатҳои қонунии ҳамаи тарафҳо ва дар оянда ба даст овардани созишҳо дар асоси принсипи амнияти баробар ва тақсимнашаванда мувофиқ аст.
"Бори дигар таъкид мекунам: ин эҳтиром ба воқеиятҳоеро дар назар дорад, ки дар рӯи замин ба вуҷуд омадаанд ва иродаи мардуми онҷоро инъикос мекунанд", - гуфт Лавров.
Ҳамзамон, вазири хориҷа аз нақшаи ҳалли низоъ, ки Чин таҳия кардааст, ёдоварӣ карда, "хатти созандаи Пекин дар заминаи бӯҳрони Украина"-ро баҳои баланд дод.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сафири Қазоқистон гуфт, музокирот дар бораи Украина бидуни Русия имконнопазир аст
Кремл борҳо таъкид кардааст, ки ҳеҷ гоҳ музокирот бо мақомоти Киевро рад накардааст. Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии президент Дмитрий Песков қайд кард, ки ҳоло барои ин ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад, зеро ҳаракат ба сӯи сулҳро ҳам Украина ва ҳам Ғарби дастаҷамъӣ истисно кардаанд.
Ба гуфтаи вай, вазъият танҳо дар сурати ба назар гирифтани воқеиятҳои нав метавонад тағйир ёбад. Т
авре Владимир Путин дар мусоҳиба бо Дмитрий Киселев гуфт, Русия барои муколама омода аст, аммо он бояд бар асоси воқеият бошад. Илова бар ин, сарвари давлат изҳор дошт, ки агар Украина мехоҳад музокиротро оғоз кунад, раҳбарияти он бояд фармони манъи онро лағв кунад.