ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Корхонаи "Экспедитсияи мубориза бо малах" ҷараёни кор дар ҷилавгирӣ аз ҳамлаи малахи марокашӣ дар ҷануби Тоҷикистонро шарҳ дод
Қаблан нигарониҳо аз нобуд шудани ҳосили кишоварзони ҳудуди 10 ноҳия ба миён омада буд.
Нусратулло Нозанинзода, роҳбари корхонаи "Экспедитсияи мубориза бо малах"-и вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хатари ҳамлаи малахи марокашӣ ба киштзорон ва заминҳои полизӣ дар навоҳии вилояти Хатлон пурра маҳор шудааст.
“Чаҳор моҳ мешавад, аз 23 феврал ба ин сӯ бо истифода аз тамоми имконот кор мекунем. Ҳоло синни малах ҳам ба ҷое расид, амалан муҳлати ҳаёташ тамом шудааст ва дигар ҳеҷ хатаре аз он нест”, - гуфт Нусратулло Нозанинзода.
Қаблан аз хуруҷи малах аз Панҷ, ноҳияи ҷанубитарин ва ҳаммарз бо Афғонистони вилояти Хатлон шуруъ шуда, ба дигар навоҳии ҳамсоя ва ҳатто дарунтари вилоят, назири Фархор, Вахш, Кушониён, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Шаҳритус ва Данғара низ густариш ёфта буд.
Роҳбари корхонаи "Экспедитсияи мубориза бо малах" мегӯяд, дар тамоми навоҳӣ хатари густариши малах пурра аз миён рафта, дар ноҳияи Панҷ охирин тадобир ва корҳо рӯи даст гирифта шудаанд.
“Дар ноҳияи Панҷ каму беш парвоз мекунад ва аз теппаҳои баланд ба ҳамворӣ фуруд меояд, ки нобуд карда истодаем”, - гуфт Нусратулло Нозанинзода.
Вай афзуд, ҳоло кори асосӣ пайдо кардани манобеъ ё лонаҳои малах аст, зеро маҳз дар онҳо дигарбора ҷуфт мешаванд ва тухм мегузоранд.
“Бо кашф ва нобуд кардани манобеъ тухми онҳо бояд нобуд карда шавад, ки то соли оянда дигарбора рушд карда, афзойиш наёбад”, - гуфт мавсуф".
Вай афзуд, батамом нобуд кардани малах имкон надорад, зеро ин як раванди хеле дурудароз аст ва то охир нобуд кардани он дар як мавсим имконнопазир аст.
“Ин як офати табиӣ аст. Ҳатто давлатҳои мутараққии дунё, ки технологияҳои пешрафтатаринро доранд, дар ин амр ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Кӯшиш бар ин аст, ки сол ба сол теъдоди онро коҳиш дода, дар охир нобуд кунем”, - гуфт Нозанинзода.
Тибқи маълумоти Экспедитсияи мубориза бар зидди малах", нақшаи коркард майдонҳои кишт 124 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва имсол барои коркарди кимиёвӣ 24 трактори дорупошӣ, 11 автомашина, 788 дорупошаки дастиву моторӣ ва 975 нафар коргар эъзом шуда буданд.