ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 10-солагии таъсисёбии иттиҳодияро таҷлил мекунад, ки тайи ин муддат ба дастовардҳои бузург даст ёфтааст.
Рӯзи 29 майи соли 2014 кишвардорони Русия, Белорус ва Қазоқистон Созишномаи таъсиси ин созмонро имзо карданд ва дар соли 2015 Арманистон ва Қирғизистон ба он шомил шуданд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар тӯли 10 соли фаъолияти иттиҳодия аз 1,6 трлн ба $2,4 трлн доллар афзоиш ёфт.
Дар Арманистон он - 128 %, дар Белорус - 30 %, Қазоқистон - 42 %, дар Қирғизистон - 109 %, дар Русия - 49 % афзуд.
Дар тӯли мавҷудияти ИИАО, гардиши мол байни аъзоён тақрибан ду баробар афзуда, дар соли 2023 ба $87,5 млрд расид. Савдо бо мамолики сеюм низ 60% афзуда, ба $923 млрд расид, иттилоъ медиҳад КИАО,
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.