Узбекистон бо кумаки Русия таомул бо ИИАО-ро тавсеа медиҳад

Ӯзбекистон ният дорад ҳамкориҳоро оид ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳо бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё идома диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Русия ва Узбекистон тавсеаи равобит ва ҳамгироиро дар доираи ИИАО густариш медиҳанд.
Дар ин бора дар матни изҳороти муштараки президенти Русия Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар вебсайти Кремл нашр шудааст, гуфта мешавад.
“Ҷонибҳо барои тавсеа ва рушди ҳамкориҳои Узбекистон бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо мақсади амиқтар кардани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ талош хоҳанд кард", — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Чунон ки аз ин пеш номзади илмҳои таърих, коршиноси Пажуҳишгоҳи масоили актуалӣ ва байналмилалии Академияи дипломатии ВКХ Русия, Евгений Коренев гуфт, Узбакистон ба сӯи ҳамгироӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) ҳаракат мекунад.
Дар ИИАО ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл аз 80% гузашт
Ӯ хотиррасон кард, ки имруз ҷумҳурӣ ба ҳайси нозир ширкат мекунад.
Ба бовари ӯ, пайвастани Узбекистон ба ИИАО то андозае вазъи Тоҷикистонро тағйир хоҳад дод.
Азбаски Қирғизистон ва Қазоқистон аллакай узви ин иттиҳод ҳастанд, дар сурати шомил шудани Тошканд танҳо Душанбе бетараф боқӣ мемонад.