ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои ду кишвар тавассути ниҳодҳои интизомӣ ва ҳамчунин масоили муҳоҷиратро баррасӣ кардаанд.
Дар ин бора дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, матраҳ шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон.
"Дар мулоқот вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистону Русия ва дигар мавзӯъҳои дуҷониба ба ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният низ мавриди баррасӣ қарор гирифта",- гуфта мешавад дар паём.
Раҳбари Тоҷикистон бар аҳамияти андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, таъкид кард.
Раҳмон ҳамчунин бар натиҷаҳои судманди ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии ду кишвар дар ифшои ҷиноятҳо, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории байналмилалӣ таъкид кард.
Раҳбари Вазорати корҳои дохилии Русия бо як сафар дар Душанбе қарор дорад. Ӯро як ҳайат барои музокирот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ҳамроҳӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, дар ҷараёни сафар мулоқоти дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия, ширкат дар маросими ифтитоҳи намояндагии хадамоти шиноснома ва раводиди ВКД Русия дар ҷумҳурӣ дар назар аст.