Колоколтсев ва Раҳимзода масъалаҳои будубоши муҳоҷирон дар Русияро баррасӣ карданд

Сарони вазорати корҳои дохилии ду кишвар ба мушкилоти соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқӣ ва беҳбуди шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дахл карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев зимни мулоқоти дуҷониба масоили марбут ба соҳаи муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷикон дар Федератсияи Русияро баррасӣ карданд.
Мулоқот дар чаҳорчӯби сафари раҳбари Вазорати корҳои дохилии Русия ба Душанбе сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ҳамин тариқ, вазирон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқӣ, беҳбуди шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ карданд.
Раҳмон бар аҳамияти тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия таъкид кард
Ҳамкорон ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкории муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҷилавгирӣ аз шомилшавии тоҷикон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниро низ баҳс карданд.
Дар паём гуфта мешавад, ки ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, ифротгароӣ, киберҷинояткорӣ, табодули иттилоот, инчунин дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва омода кардани кадрҳои баландихтисос изҳор доштанд.
Вазири корҳои дохилии Русия бо як сафар дар Душанбе қарор дорад. Ӯро як ҳайат барои музокирот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ҳамроҳӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, дар ҷараёни сафар ҳамчунин маросими ифтитоҳи намояндагии хадамоти шиноснома ва раводиди ВКД Русия дар ҷумҳурӣ дар назар аст.