Бо пешниҳоди Тоҷикистон 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд.
Ба ин муносибат дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фестивали футбол барпо гардид.
Дар доираи ҷашнвораи Footballfest дар Боғи Истиқлол озмуну бозиҳои гуногун ташкил карда шуданд.
Дар Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Ашт, Балхӣ, Ёвон ва Рашт чорабиниҳои бузург ба доир шуданд.
Собиқ нимҳимоятгари тими Челсии Лондон ва тими миллии Нигерия Ҷон Оби Микел дар ҷашнвора ҳамчун меҳмони фахрӣ ҳузур дошт.
Рустами Эмомалӣ ҷашнвораро дар Душанбе ифтитоҳ намуда, тамоми ширкаткунандагонро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфт.
Ӯ наврасонро даъват кард, ки минбаъд низ бо варзиши дустдоштаашон машғул шаванд ва ба натиҷаҳои калон ноил гарданд.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди маҳорати варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол мебошад.
Дар ҷашнвораи футболи шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 900 нафар кӯдакону наврасон ширкат карданд.