ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Моҳҳои январ - апрели соли 2024 аз Тоҷикистон беш аз 84 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарони Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки ҳаҷми содирот беш аз 1 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50% зиёд мебошад.
Аз ҷумла содироти меваю сабзавот 40 ҳазор тоннаро ба маблағи 158 миллион сомонӣ ташкил дода, беш аз 30% афзоиш ёфтааст, гуфт ӯ.
Аз ин нишондиҳанда 32 ҳазор тонна ба маблағи 145 миллион сомонӣ ё 92% меваю сабзавоти содиротшуда ба вилояти Суғд рост меояд, зикр намуд Раҳмон.
"То имрӯз аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар 11 ҳазор тонна меваи хушк ва зиёда аз 1000 тонна танҳо гелосу зардолу содирот шудааст", - иттилоъ дод президент.
Вилояти Хатлон дар самти содироти меваю сабзавот, бахусус, меваю сабзавоти барвақтӣ иқтидори бузург дорад, вале истифодаи ин имкониятҳо ҳанӯз ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст, нигаронӣ намуд Раҳмон.
Зикр гардид, ки соли гузашта ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишвар 56%-ро ташкил додааст, вале дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳиссаи содироти меваю сабзавот аз вилоят ҳамагӣ 6%-и содироти умумии меваю сабзавоти кишварро ташкил додааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин омор афзуд, ки чунин вазъ андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд.
Бори дигар ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои таъхирнопазир андешанд, супориш дод президент.