Бо пешниҳоди Тоҷикистон, 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд.
Ба ин муносибат дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷашнвораҳои футбол баргузор гардиданд.
Ҷашнвораҳои нисбатан бузург Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт гузаштанд
Ҷашнвора ҳамчунин дар Хуҷанд низ баргузор гардид.
Собиқ нимҳимоятгари дастаи "Челси"-и Лондон ва тими миллии Нигерия Ҷон Оби Микел ҳамчун меҳмони фахрӣ дар фестивал иштирок дошт.
Рустам Эмомалӣ ҷашнвора дар Душанберо ифтитоҳ намуда, тамоми иштирокчиёнро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфт.
Вай ба кӯдакон таманнои онро намуд, ки минбаъд низ ба варзиши дӯстдоштаи худ – футбол машғул шуда, ба қуллаҳои баланди варзишӣ бирасанд.
Мақсади асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаҳои варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол мебошад.
Дар фестивали футбол дар Душанбе дар маҷмуаъ 900 нафар кӯдакону наврасон иштирок намуданд.
Баъди анҷоми фестивал ба иштирокчиён тӯбҳо тақдим карда шуданд.