Сел роҳи Сангвор-Дарвозро баст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло роҳ барои мошинҳои боркаш масдуд буда, корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Дар километри 43 -юми шоҳроҳи Сангвор-Дарвоз сел фаромад, ки дар натиҷа роҳ барои ҳаракати нақлиёт масдуд шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод. Бар хабари манбаъ, дар роҳи Лабиҷар-Сангвор ҳоло роҳ барои мошинҳои боркаш баста аст.
Зикр гардид, ки бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва ҳоло поксозии роҳ аз сӯи ниҳодҳои дахлдор идома дорад.
Дар Нуробод 77 хона аз сел зарар дид
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандону меҳмонони Тоҷикистонро огоҳонида буд, ки аз 24 то 27 май дар кишвар боронгарӣ сурат мегирад.
Ҳамчунин вазиши шамоли сахт, жола ва дар ВМКБ дар баландии беш аз 3000 метр боридани барф дар назар аст.
Кумита тавзеҳ дод, ки боронгариҳо метавонанд селу обхезӣ ва сангрезиро ба бор оранд. Аз ин рӯ даъват шуд, ки бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ набояд ба сафар баромад ва ҳамчунин аз чидани гиёҳу алаф, чарондани чорво, моҳидорӣ бояд худдорӣ кард.