Тоҷикистону Озарбойҷон созишнома дар соҳаи муҳоҷиратро имзо карданд

Пас аз музокирот дар Боку раисҷумҳурони Тоҷикистону Озарбойҷон як созишномаи муҳими стратегиро ба имзо расонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Тоҷикистон ва Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро имзо карданд.
Зери ин санад кишвардорони Тоҷикистону Озарбойҷон: Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев имзо гузоштанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари давлат хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки раисҷумҳурон ҳамчунин Эъломия дар бораи шарикии стратегиро низ ба имзо расонданд. Илова бар ин, аз сӯи Раҳмону Алиев 12 созишнома ва ёддошт имзо шуд. Аз ҷумла:
Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти саноатӣ;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон;
Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Озарбойҷон;
Илова бар ин, академияҳои илмҳо дар бораи ҳамкориҳои илмӣ протокол ба имзо расониданд, ниҳодҳои дахлдори кор бо занон ва оила ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаҳои баробарии гендерӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ба гуфтаи Раҳмон, мақомоти Тоҷикистон омодаанд дар иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар кишвар ба ширкатҳои Озарбойҷон авлавият диҳанд.
Алиев Раҳмонро ботантана пешвоз гирифт
Илова бар ин, Раҳмон бо Алиев масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф ва фарҳангро баррасӣ кардааст.
Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Боку қарор дорад.
Алиев дар моҳи апрели соли гузашта бо як сафари давлатӣ аз Душанбе дидан карда буд, ки 14 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расида буд.