Дар рӯдҳои Тоҷикистон ду нафар ғарқ шуд: яке донишҷӯ аз Ҳиндустон

Аз ду нафаре, ки яке дар Хатлон ва дигаре дар Суғд ғарқ шуд, наҷотбахшон ҷасади танҳо як нафарро пайдо карданд ва ҷустуҷӯи ғарқшудаи дигар идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи як шабонарӯз ду нафар ғарқ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои манбаъ, як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Данғара рух додааст. Он ҷо донишҷӯи 25 -солаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аснои истироҳату дасгирӣ бо ҷамъе аз дӯстон, дар об ғарқ шуда, ҷон бохт.
Ба таъкиди дӯстонаш, ӯ аз беэҳтиётӣ ғарқи об шуд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҷасади ӯро наҷотбахшон чанд метр поинтар аз макони истироҳати онҳо пайдо карданд ва ба кормандони милитсия супурданд.
Фоҷиа дар рӯзҳои истироҳат: ғарқшавиҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон бо оғози гармӣ
Ҳодисаи нохуши дигар дар вилояти Суғд рух дод. Он ҷо сокини 30 - сола ҳангоми истироҳат дар "Баҳри тоҷик" бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гидросикл афтода ғарқ шуд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, имдодгарон ҷасади ӯро то ҳол пайдо накардаанд ва корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Ҳамин тариқ. аз оғози мавсими шиноварӣ дар рӯду каналҳои Тоҷикистон наздики 10 нафар ғарқ шудаанд.
Дпар ҳамин ҳол, КҲФ аз шаҳрвандону меҳмонони ҷуимҳурӣ даъват намуд, ки ҳангоми ообозӣ дар рӯдҳои Тоҷикистон ҳамеша қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.