Аз роҳпаймоии идона то барномаи консертӣ: “Шоми ҷавонӣ” дар Хуҷанд таҷлил шуд – видео

Рӯзи ҷавоно дар Хуҷанд бо ҳузури варзишгарон, аспсаворон, мотосиклсаворону велосипедронҳо бо шукӯҳ ҷашн гирифта шуд
Sputnik
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ масъулони ҳукумати вилояти Суғд ва корпусҳои дипломатӣ аз ҷумла консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.
Иштироки даҳҳо ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва велосипедронӣ - акс
Дилшод Давронзода, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки соли ҷорӣ ба фарқ аз солҳои қаблӣ дар роҳпаймоии идона варзишгарон, мотосиклронҳо ва дучархсаворон ҳамроҳ бо донишҷӯён иштирок варзиданд.
"Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, инчунин таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” барномаи консертӣ бо иштироки беҳтарин сарояндаҳои эстраи кишвар баргузор мегардад", - гуфт, Давронзода.
Бино ба иттилоъи манбаъ зимнан шумори ҷавонон дар вилояти Суғд беш аз 800 ҳазор гуфта мешавад, ки ин рақам беш аз 30 % -и аҳолии вилояти Суғдро ташкил мекунад.