Алиев Раҳмонро ботантана пешвоз гирифт

Президенти Тоҷикистон пас аз маросими видоъ бо кишвардори Эрон ба Озарбойҷон сафари давлатӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шоми рӯзи 22 май бо сафари давлатӣ озими Озарбойҷон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон пас аз анҷоми маросими видоъ бо президенти Эрон сурат гирифт.
Зимнан, субҳи 23 май Эмомалӣ Раҳмонро кишвардори Озарбойҷон дар назди Қасри Загулба пешвоз гирифт.

"Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани горди фахрӣ, сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди қатори сарбозон ва шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт", - омадааст дар хабари дафтари матбуоти президент.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин сафар роҳбари давлатро вазири умури хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, 4 вазир, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, кор бо занон, директори Агентии содирот, президенти Академияи улум, сардорони хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, иҷро ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
1 / 5
23 мая в рамках государственного визита Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в Азербайджанскую Республику состоялись переговоры высокого уровня двух стран.
2 / 5
23 мая в рамках государственного визита Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в Азербайджанскую Республику состоялись переговоры высокого уровня двух стран.
3 / 5
23 мая в рамках государственного визита Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в Азербайджанскую Республику состоялись переговоры высокого уровня двух стран.
4 / 5
23 мая в рамках государственного визита Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в Азербайджанскую Республику состоялись переговоры высокого уровня двух стран.
5 / 5
23 мая в рамках государственного визита Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в Азербайджанскую Республику состоялись переговоры высокого уровня двух стран.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон, ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо дар соли 2023 каме бештар аз 6 млн доллар ва дар зарфи 4 моҳи соли 2024 зиёда аз 2 млн долларро ташкил дода буд, ки 78% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта аст.
Тоҷикистону Озарбойҷон ба маблағи $700 млн санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Қобили зикр аст, ки президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев моҳи апрели соли 2023 бо сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид карда, дар доираи ин сафар байни кишварҳо 14 санади ҳамкорӣ дар сорҳаҳои гуногун ба имзо расида буд.