“Азот” таъсир расонд: Карбамид арзон шуд

Бо фаъол шудани корхонаи "Азот" нархи карбамид дар Тоҷикистон аз 240-260 сомонӣ сари 50 кило то 180 сомонӣ арзон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ворид шудани карбамиди ширкати “Азот” – и Вахш қимати онро дар бозорҳои Тоҷикистон коҳиш дод. Ин корхона пас аз 20 соли бефаъолиятӣ ба кор шуруъ кард.
Ашӯр Қодиров, як фурӯшандаи нуриҳои минералӣ дар бозори марказии шаҳри Истаравшан, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар қиёс бо як моҳи қабл нархи тамоми намудҳои минералӣ, бахусус, карбамид бамаротиб 10 то 15% коҳиш ёфтааст.
“Карбамид имсол асосан аз Ӯзбекистон ворид шуд. Ду намуд, яке тавлиди Навоӣ ва дигаре, Фарғона. Қимати карбамиди Фарғона 210 ва Навоӣ 225 сомонӣ сари як халтаи 50 – килоӣ аст”, - гуфт Ашӯр Қодиров.
Вай афзуд, қаблан нарҳо нисбатан 240 – 260 сомонӣ сари 50 кило арзиш дошт, аммо бо ворид шудани карбамиди ширкати “Азот” – и шаҳри Леваканд қимати он коҳиш ёфт.
“Агар бинед, масофаи Фарғона шояд аз Леваканд наздиктар бошад, аммо диллерон ё миёнаравон худашон маҳсулот меоранд ва кори моро осон мекунанд. Ҳоло карбамиди ватаниро 200 то 205 сомонӣ сари ҳар халтаи 50-килоӣ мефурӯшем ва харидаш ҳам хуб аст”, - гуфт Ашӯр Қодиров.
Дар тамос бо Sputnik Тоҷикистон як умдафурӯши ширкати “Азот” гуфт, ба сахтӣ бошад ҳам, маҳсулоти ин ширкат ҷои худро дар бозор пайдо мекунад.
“Аз ҳисоби худ”: чаро воридоти нуриҳои минералӣ кам шуд?
“Ҳол мо тамоми талошро дорем, ки дар саросари кишвар, бахусус, навоҳии кишоварзӣ маҳсулоти худро дастрас кунем”, - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои ӯ, нархи 1 халтаи 50-килоии карбамид 180 сомонӣ ва ё нархи 1 тоннаи он 3600 сомониро ташкил медиҳад.
Ширкати “Азот” калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар Тоҷикистон буда, соли 1967 дар замони Шӯравӣ ба ҳадафи таъмини талаботи хоҷагидорону кишоварзон бо нуриҳои минералӣ ва афзудани ҳосилнокии зироат дар шаҳри Леваканд, собиқ Калининобод бунёд шуд.
Таи солҳои 90-ум ба далели қатъ шудани гази Ӯзбекистон аз кор монд ва дар пайи талошҳои мутааддиди ҳукумати Тоҷикистон соли 2023 ба кор даромад. Иқтидори солонаи он ҳудуди 200 ҳазор тонро ташкил медиҳанд.