Тоҷикистону Озарбойҷон ба маблағи $700 млн санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд

Дар ин ҳамоиш беш аз 200 соҳибкор аз Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахшҳои мухталиф ширкат доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Дар Боку ҳамоиши тоҷирони Тоҷикисону Озарбойҷон баргузор гардид, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ.
Ба иттилои манбаъ, зимни ин ҳамоиш миёни соҳибкорони ду давлат 15 санади нави ҳамкорӣ бо арзиши 700 млн доллар имзо шуд.
"Дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку 15 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 700 млн доллар ба имзо расид", - омадааст дар хабари Кумита.
Дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар аз ҳарду ҷониб дар бахшҳои мухталиф ширкат доштанд.
Аз ҷумла, ҶСК "Талко"-и Тоҷикистон ва ҶСК "Азералюминийи Озарбойҷон" як ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Байни корхонаи давлатии "Тоҷагропромэкспорт" ва ҶСК "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи савдои мутақобила ба имзо расид.

Корхонаи "Лесинвест"-и "Тоҷикистон" ва корхонаи "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" дар соҳаи истеҳсоли нассоҷӣ табодули таҷриба мекунанд.

Ҳамчунин корхонаи "Води Заррин" ва "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" дар соҳаи пахтакорӣ, коркарди пахтаи хом ва маҳсулоти нассоҷӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Бархе фаъоланду пинҳон мекунанд: Шарҳи Шералӣ Кабир дар бораи тавқифи кори 426 корхона
Инчунин "Сирдарё" ва "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" дар соҳаи содироту воридот ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Кумита, иштирокчиёни форуми соҳибкорон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва имзои созишномаву қарордодҳои мутақобилан судманд, ки тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодиро дар бар мегиранд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ мунтазам баргузории чунин чорабиниҳоро идома хоҳанд дод.
Ин ҳамоиш ба манзури рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, таҳкими шарикии тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва барқарории равобити доираҳои тиҷоратӣ баргузор шудааст.