ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат субҳи 22 май ба Эрон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз сафари президент ин иштирок дар маросими видоъ бо Иброҳи Раисӣ, президенти Эрон мебошад.
"Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии президенти Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар кард", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуд, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ҳамчунин, да ин сафар роҳбари давлатро Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ рӯзи 19 май ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар марз бо Озарбойҷон ҷон дод.
Чархбол дар ҳоле суқут кардаст, ки Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон парвоз мекард, ки дар он ҷо ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанд ширкат дошт.
Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд. Дар умум чархбол 8 мусофир дошт.