ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Дар Нуробод хисороти селфароӣ ҳисобида шуд, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, пас аз санҷиши манотиқи аз офатҳои табиӣ зарардида муайян гардид, ки 77 оила бар асари омадани сел зарар диданд.
"Аз ин миён 8 манзили зист пурра хароб гардида, 4 хона қисман ва ба 23 иншооти ёрирасон низ осеб расидааст", - омадааст дар хабари Кумита.
Манбаъ афзуд, ки тавассути техника роҳ аз соҳиби рӯди Сурхоб то деҳаи Яхак ба масофаи 2 км ҳамвор карда шуд.Илова бар ин, сокинони деҳа ба ҳашари дастҷамъӣ баромада, кӯчаву роҳравҳоро аз лой ва санг тоза намудаанд.
Кумита мегӯяд, сокинони аз офати табиӣ зарардида бо маводи гигиенӣ ва се вақт хӯроки гарм таъминанд.
Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ин ноҳия идома дорад.
Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки роҳи Лаби Ҷар-маркази Сангвор бо талоши кормандони Вазорати нақлиёт пурра тоза гардида, барои ҳаракати нақлиёт боз шуд.
Ёдовар мешавем, рӯзҳои 17-18 май бар асари боришоти шадиди борон дар аксар ноҳияҳои кӯҳӣ селу сангрезӣ сар зад, ки дар натиҷа роҳҳои самти Лахш, Дарвоз ва роҳи самти Суғд масдуд шуд.
Хушбахтона, офатҳои табии ахир дар пай талафоти ҷонӣ надоштанд, вале ба сокинон хисороти зиёд расонданд. Ҳоло хисороти молиро комиссияҳои КҲФ ҳисоб доранд.
Хушбахтона, офатҳои табии ахир дар пай талафоти ҷонӣ надоштанд, вале ба сокинон хисороти зиёд расонданд. Ҳоло хисороти молиро комиссияҳои КҲФ ҳисоб доранд.
Қаблан роҳбари давлат низ бо раисони Хатлону Суғд суҳбати телефонӣ анҷом дода, онҳо супориш дод то оқибатҳои офати табиӣ зудтар бартараф ва ба мардуми зарардида фавран кумакҳои зарурӣ расонда шавад.